Санаи бозиҳои ҷавобии ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон маълум шуд

Май 31, 2017 16:39

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/  Бозиҳои ҷавобии ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон 1-2 июн барпо мегарданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 27-28 май бозиҳои аввали даври ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд. Дар як бозӣ мизбонон, дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва се бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расид.

Дастаи  футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар  дастаи «Сомон»-и Данғара бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дастаи  «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат дар меҳмонӣ бар дастаи  «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи мизбон-  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Бозии  дастаи  «Барқчӣ»-и Ҳисор дар Душанбе бо дастаи  «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби  мусовии 2:2 хотима ёфт. Дастаи  ССКА «Помир»-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ низ бозиро бо дастаи меҳмон — «Эсхата»-и Хуҷанд  бидуни гол ба поён расонд.

Бояд зикр кард, ки дар даври ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон 12 даста рақобат мекунанд ва ғолибони ҷуфтҳо ба марҳилаи чорякфиналӣ роҳ меёбанд. «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва «Ҳосилот»-и Фархор, соҳиби медали  нуқраи чемпионати кишвар ба мубориза барои Ҷом аз даври чорякфиналӣ ҳамроҳ мешаванд.

 

Май 31, 2017 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад