Санаи бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир»-и Туркманистон маълум шуд

Май 30, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Шоми 31 май бозии даври финалии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 байни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон, бо дастаи «Олтин Асир», қаҳрамони секаратаи Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад. Барои роҳхати ягона дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» талош доранд. Тақдири роҳхат дар даври охирин дар бозӣ миёни ин ду даста ҳал хоҳад шуд.
Дар бозии дигари даври ниҳоӣ дар гурӯҳи «D» 31 май ду дастаи
Қирғизистон — «Олой»-и Ӯш ва «Дордой»-и Бишкек бо ҳам рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол» бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017-ро дар гурӯҳи «D» бо дастаи «Олтин Асир» бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд. Ин бозӣ чоруми апрел дар варзишгоҳи «Спорт топлуми»-и шаҳри Балканободи Туркманистон баргузор шуда буд.
Ҷаҳонгир Алиев, бозингари «Истиқлол», дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозингари мизбонон Олтинмурод Аннадурдиев дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 49-ум, ба ҳадаф расонд.
Хотиррасон менамоем, ки баъд аз натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «D» дастаи «Истиқлол» бо сенздаҳ имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.
Дастаи «Олтин Асир» низ сенздаҳ имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дуюм қарор дорад.
Дастаи «Дордой» бо се имтиёз дар мақоми сеюм аст. Дастаи «Олой» бидуни имтиёз дар зинаи охирин- чаҳорум ҷойгир шудааст.

Май 30, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт