Сармуҳосиб барои заминфурӯшӣ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ А. Алихонов барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани замин (моддаҳои 247 қ. 4 банди «б» ва 338, эзоҳи 1, қ. 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 80 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда ба муҳлати 4 сол таъйин карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, номбурда барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ дар асоси фармони сардори кооперативи истеҳсолии «Сайёд-2006» аз 13 ноябри соли 2013 ба вазифаи сармуҳосиби кооперативи номбурда таъйин гардида, бо истифода аз мақоми хизматӣ- бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ аз шаҳрванд Н. Қосимов 6000 доллари ИМА гирифтааст. Ӯ дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо карда додани заминро надорад, аз заминҳои корами обии кооперативи истеҳсолии «Сайёд-2006», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба Н. Қосимов барои сохтмони хонаи истиқоматӣ 0,03 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






