Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2017. /АМИТ Ховар/. 26 майи соли равон дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, дар кори Шӯро роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017, «Ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар қисмати кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ, инчунин иштирок дар фаъолияти таҳрибкоронаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба ин масъалаҳо ахбороти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута шунида шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.
Бо қарори Шӯро дар назди масъулини вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






