Шукӯҳ ва шаҳомати Шашмақом дар дили мардуми сайёра маъво гирифтааст

Май 12, 2017 14:20

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи консертии Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар барномаи консертии мазкур дӯстдорони фарҳанги пурғановати миллати тоҷик иштирок намуданд.

Муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошоҳзода иштирокдоронро бо Рӯзи Шашмақом табрик намуда, гуфт: «Рӯзи Шашмақом ҳамчун осори қадимии ниёгон пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фазои орому осуда ҷашн гирифта мешавад. Аз рӯзе, ки фармони таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба мақоми давлатӣ гирифтани Шашмақом ба тасвиб расид, 17 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат таваҷҷуҳи аҳли зиё ва ҷавонон ба ин мероси ниёгон зиёд гардид. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ансамблҳои шашмақомхонон   таъсис ёфтанд ва аз ҳама муҳим, ҷавонони соҳибзавқ ба ин намуди санъат бештар рӯй оварданд. Шукӯҳ ва шаҳомати ин шоҳасари ниёгони мо дар дили мардуми сайёра низ маъво гирифт ва таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб намуд. Ин аст, ки моҳи ноябри соли 2003 дар сессияи генералии ЮНЕСКО дар Париж қарори махсус қабул гардид, ки тибқи он санъати Шашмақоми тоҷик дар радифи бузургтарин падидаҳои маънавии инсонӣ ба сифати фарҳанги шифоҳии ҷаҳонӣ эътироф гардид».

Маврид ба зикр аст, ки дар барномаи консертӣ дар баробари сурудҳои классикӣ, ҳамчунин  ҳунарнамоии ансамбли рақсии «Гулрез» табъи иштирокдоронро болида намуд.

 

Май 12, 2017 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд