Шукӯҳ ва шаҳомати Шашмақом дар дили мардуми сайёра маъво гирифтааст
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи консертии Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар барномаи консертии мазкур дӯстдорони фарҳанги пурғановати миллати тоҷик иштирок намуданд.
Муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошоҳзода иштирокдоронро бо Рӯзи Шашмақом табрик намуда, гуфт: «Рӯзи Шашмақом ҳамчун осори қадимии ниёгон пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фазои орому осуда ҷашн гирифта мешавад. Аз рӯзе, ки фармони таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми давлатӣ гирифтани Шашмақом ба тасвиб расид, 17 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат таваҷҷуҳи аҳли зиё ва ҷавонон ба ин мероси ниёгон зиёд гардид. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ансамблҳои шашмақомхонон таъсис ёфтанд ва аз ҳама муҳим, ҷавонони соҳибзавқ ба ин намуди санъат бештар рӯй оварданд. Шукӯҳ ва шаҳомати ин шоҳасари ниёгони мо дар дили мардуми сайёра низ маъво гирифт ва таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб намуд. Ин аст, ки моҳи ноябри соли 2003 дар сессияи генералии ЮНЕСКО дар Париж қарори махсус қабул гардид, ки тибқи он санъати Шашмақоми тоҷик дар радифи бузургтарин падидаҳои маънавии инсонӣ ба сифати фарҳанги шифоҳии ҷаҳонӣ эътироф гардид».
Маврид ба зикр аст, ки дар барномаи консертӣ дар баробари сурудҳои классикӣ, ҳамчунин ҳунарнамоии ансамбли рақсии «Гулрез» табъи иштирокдоронро болида намуд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






