Сироҷиддин Икромӣ: «Ислоҳот дар низоми бонкии Тоҷикистон марҳила ба марҳила татбиқ мегардад»

Май 19, 2017 16:18

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.    Новобаста  аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, ислоҳот дар низоми бонкӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад, таъкид гардид зимни мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Комиссияи аврупоӣ таҳти роҳбарии мушовири Комиссияи аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ Олег Хирбу.

Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори генералии рушди байналмилалӣ ва ҳамкории Комиссияи Аврупо Мансервиси, ки 5 майи соли 2017 дар шаҳри Йокогама ба мувофиқа расида буд, амалӣ мегардад.

Олег Хирбу изҳор дошт, ки мақсади ташрифи ҳайати Комиссияи Аврупо аз баррасии вазъи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии ислоҳот дар бахши идораи молияи давлатӣ ва транши навбатии Комиссияи Аврупо оид ба дастгирии буҷети давлатӣ иборат мебошад.

 

 

Май 19, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид