Сироҷиддин Икромӣ: «Ислоҳот дар низоми бонкии Тоҷикистон марҳила ба марҳила татбиқ мегардад»
ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, ислоҳот дар низоми бонкӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад, таъкид гардид зимни мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Комиссияи аврупоӣ таҳти роҳбарии мушовири Комиссияи аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ Олег Хирбу.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори генералии рушди байналмилалӣ ва ҳамкории Комиссияи Аврупо Мансервиси, ки 5 майи соли 2017 дар шаҳри Йокогама ба мувофиқа расида буд, амалӣ мегардад.
Олег Хирбу изҳор дошт, ки мақсади ташрифи ҳайати Комиссияи Аврупо аз баррасии вазъи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии ислоҳот дар бахши идораи молияи давлатӣ ва транши навбатии Комиссияи Аврупо оид ба дастгирии буҷети давлатӣ иборат мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






