Сироҷидин Аслов ва Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён масоили тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Аморотро баррасӣ карданд

Май 25, 2017 17:57

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 25 май  вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло  бин Зойид Оли Наҳён, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масоили тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Аморотро дар партави тавофуқоте, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб  моҳи марти соли 2016 ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сироҷидин Аслов ва Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён рағбати мутақобилро ҷиҳати идомаи муколамаи боэътимод байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва пешбурди ҳамкории судманд дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, робитаҳои фарҳангию башарӣ, маориф, сармоягузориҳо, саёҳат ва муборизаи  муштарак бо чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд.

Бо ишора ба рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба ва иқтидори фарохи ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф, тарафҳо баргузории мунтазами машваратҳои байнисоҳавӣ ва байниидоравиро бо мақсади таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва тавсеаи равобити байни доираҳои соҳибкории ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин замина бар аҳамияти ифтитоҳи Сафорати АМА бо қароргоҳ дар Душанбе таъкид гардид.

Ҳамчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

 

Май 25, 2017 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд