Соҳили дарёи маркази ноҳияи Ванҷро то мавсими обхезӣ мустаҳкам мекунанд
ХОРУҒ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дарозии дарёи маркази ноҳияи Ванҷ каме бештар аз як километр буда, дар ду соҳили он хонаҳои истиқоматӣ, боғу киштзорон, шабакаи обтаъминкунӣ ҷойгиранд. Сардори бахши ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ин ноҳия Аслон Худоиев гуфт, ки «соли гузашта бар асари обхезӣ оби дарё саддро рахна карда, боғу киштзорон ва замини наздиҳавлигии сокинонро хароб кард. Наздик ба 150 метр қубурҳои обгузарро зер кард ва чанд муддат сокинони маркази ноҳияро аз оби тоза маҳрум намуд».
Дар фасли зимистони имсола низ барфи зиёд борид ва эҳтимоли боз баланд шудани оби дарё вуҷуд дорад. Аз ин рӯ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ирсоли як нома аз ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш намуданд, ки дар таҳкими соҳили дарё кумак расонанд.
Ба гуфтаи сардори хоҷагии оби ноҳия Неъмат Холиқов, «мо ба наздикӣ маводи сӯзишворию сохтмонӣ гирифтем ва ба таҳкими соҳил оғоз кардем. Сокинони маҳалаҳои ҷамоати деҳот бунёду кашидани симтӯрро бар дӯши худ гирифтанд ва ҳамарӯза мутобиқи навбат ба ҳашар мебароянд».
Ҳаво торафт гармтар мешавад ва ин бошандагони маркази ноҳияро водор мекунад, ки ҳарчӣ зудтар соҳили дарёро маҳкам карда, аз хисороти офати табиӣ ҷилавгирӣ намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






