Собиқадорон неруи тарбиятгар ва мактаби таҷриба дар раванди камолоти насли ҷавони милитсия мебошанд

Май 11, 2017 09:09

ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз   мулоқоти генерал-майори мустаъфии милитсия Абдуманон Ғозиев ва полковники мустаъфии милитсия Шариф Умаров бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Тавре аз Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров Илҳом Қосимзода таъкид дошт, ки барои расидани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ба пояи имрӯзааш собиқ кормандони мақомот хизмати арзанда намудаанд. Марҳила ба марҳила ташаккулёбии мақомоти милитсия ва ҳамчун як ниҳоди бонуфуз мавқеъ пайдо кардан натиҷаи заҳмату талошҳои собиқадорони соҳа мебошад.

Зикр шуд, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун неруи тарбиятгар ва мактаби таҷриба дар раванди камолоти насли ҷавони милитсия ҳамеша ҳиссагузор мебошанд.

Собиқадорон насли ҷавонро ба дӯстдории Ватан, содиқ мондан ба касб ва иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

 

 

Май 11, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд