Сокинони бародаршаҳри Боулдер ба душанбегиҳо беш аз 1300 нусха адабиёти илмиву бадеӣ тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маросими тақдими адабиёти илмӣ-бадеӣ аз ҷониби шаҳри Боулдери аёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар маросим Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард иштирокдорони ҷамъомадро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки наврасону ҷавонони ин кишвар ба хонишу китоб майлу рағбати зиёд доранд ва дар ин рӯз тақдими китобро ба онҳо беҳтарин ҳадя шуморид.
Номбурда ҳамчунин бо забони тоҷикӣ ин дубайтии шоири адабиёти классикии тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомиро қироат намуд:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…
Хонум Элизабет Миллард зикр кард, ки ин байт бори дигар шаҳодати он аст, ки мардуми тоҷик аз қадим китобхону китобдӯст будаанд, аз ин рӯ ӯ ба ин мардум эҳтироми хосса дорад.
Элизабет Миллард ҳамчунин бо забони тоҷикӣ ин байти Ҳофизи Шерозӣ:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад,
— ро ёдовар шуда, зикр кард, ки дар зарфи 25 соли ҳамкорӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобилаи судманд дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фаннӣ ва фарҳангӣ тавсеа ёфтаанд.
Сипас Элизабет Миллард номаи бошандагони шаҳри Боулдерро ба муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода тақдим намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Хонандагону донишҷӯён, намояндагони Маркази дӯстӣ ва Чойхонаи миллии тоҷикӣ дар шаҳри Боулдер ба наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе пайғому дуруди бепоёни худро расонида, ҳамчун рамзи дӯстӣ ин китобҳоро ба Шумо ҳадя менамоянд».
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва шаҳри Боулдери аёлати Колорадои Амрико ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта ба роҳ монда шуда, 8 майи соли 1987 миёни онҳо Созишнома ва паймони бародаршаҳрӣ баста шудааст. Инчунин 10 октябри соли 1988 Протокол дар бораи ҳамкории байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер барои солҳои 1989-1990 ба тасвиб расида буд, ки дар асоси он ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фаннӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар доираи ин санадҳо шаҳрдории Душанбе дар шаҳри Боулдер Чойхонаи миллии тоҷикӣ ва шаҳрдории Боулдер дар Душанбе «Маркази Дӯстӣ — Интернет-кафе»-ро бунёд карданд.
Муносибатҳои байни Душанбе ва Боулдер дар замони соҳибистиқлолии кишварамон самту уфуқҳои навро касб намуданд. Маросими имрӯзаро намунаи барҷастаи ҳамкорӣ ва дӯстии дуҷониба метавон маънидод сохт. Сокинони бародаршаҳри Боулдер барои душанбегиҳо беш аз як 1300 нусха адабиёти илмиву бадеӣ тақдим намуданд.
Абдумаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе зикр намуд, ки қарор дода шуд адабиёти зикршуда ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази «Дўстӣ»- Интернет- кафе» ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 50, 59, 92, 94 (ноҳияи Сино), № 15 ва 55 (ноҳияи Шоҳмансур), № 6 ва 13 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва №72 ва 78 (ноҳияи Фирдавсӣ) тақдим карда шаванд.
Рухсораи НУР



















Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






