Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Май 6, 2017 13:31

ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №АП-867 аз 25.04.2017, 5 май гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватаниро (ҶБВ) аз  ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдат намуда, ба онҳо кумакпулии якдафъаина ва кумаки моддӣ супориданд. Саидмурод Фаттоҳзода аз номи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангро бо Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо се ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорид.

Ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба ҳар иштирокчии ҶБВ 1500 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаи раиси вилояти Суғд ва 1200 сомонӣ кумакпулии раиси ноҳияро супорид.

Бояд гуфт, ки алҳол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанг зиндагӣ доранд.

Май 6, 2017 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд