Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар шаҳри Бӯстон
ДУШАНБЕ, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҷамъомад доир гардид, ки дар он кормандони нозироти андоз ва дигар масъулон ширкат намуданд.
Тавре мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода хабар дод, дар ҷамъомад зикр гардид, ки кормандони нозироти андоз нақшаи пешбининамудаи қисми буҷети маҳаллиро сари вақт таъмин намуда, барои иҷрои рисолати пуршарафи хеш ҷаҳду талош доранд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 4 май ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






