Таҷлили Ғалабаи бузург дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
ДУШАНБЕ, 08.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки 9 май таҷлил мегардад, роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 12 нафар ҷанговарони интернатсионалистро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъолият доранд, ҳавасманд гардонид.
Назар ба иттилои Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти Фурудгоҳи байналимилалии Душанбе, ин иқдом дар доираи таҷлил аз 72-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм ва қадр намудани корнамоию мардонагии родмардони Ватан дар набардҳо баҳри таъмини ҳаёти осоишта ва пойдории сулҳ андешида шудааст.
Ба ҷанговарони интернатсионалист аз ҷониби роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» туҳфаҳои хотиравӣ ва дар ҳаҷми 700 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ инчунин тарбиятгирандагони боғчаҳои пойтахт бо шеъру сурудҳо, ки тараннумгари дӯстӣ, бародарӣ, садоқат ба Ватан ва далерию шуҷоатмандӣ буданд, ҳунарнамоӣ намуданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






