Таҷлили Рӯзи ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Теҳрон

Май 25, 2017 16:19

ДУШАНБЕ, 25.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз саҳни ҳавлии Сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо сабки хосса ороиш ёфта буд. Дар иртибот ба Рӯзи ҷавонон ва 20-умин солгарди  Ваҳдати миллӣ  бо иштироки  донишҷӯён  ва шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар Эрон кору зиндагӣ мекунанд, намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, асару таълифоти гуногун, инчунин намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

Бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон  паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон қироат шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳозиринро бо ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон табрик гуфта, роҷеъ ба аҳамияти ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, нақши боризи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эҳё ва ташаккули давлату давлатдории тоҷикон, истиқрори сулҳу оромӣ ва ваҳдату баҳамоии мардуми кишвар, рушди  соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ, сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат дар робита ба ҷавонон сухан ронд. Ӯ Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017-ро дар Тоҷикистон намунаи равшани сиёсати мазкур хонда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, таҳсилу омӯзиши ҷиддӣ ва хидмати содиқона ба халқу Ватан даъват намуд.

Барои ҳозирин барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаш гардида, бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ филми мустанад намоиш дода шуд. Ҳамчунин бо иштироки донишҷӯён мусобиқаҳоии варзишӣ баргузор карда шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби масъулини Сафорат ба донишҷӯёни фаъол, хатмкунандагони донишгоҳҳо ва ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишии ин маросим ҷоизаву туҳфаҳо  тақдим карда шуданд.

чашни вахдат 2

 

Май 25, 2017 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид