Талошу пайкори фарзандони баору номуси тоҷик намунаи ибрат барои наслҳои имрўзу оянда аст
ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 72-юмин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамоиши ботантана баргузор гардид.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рўзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошгти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд.
«Ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандўстиву матонат бар зиди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд»,-илова намуд сардори хадамот.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буда, дар он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумиятҳову машаққатҳои зиёд рў ба рў гардид ва талафоти гарон дод.
Қариб 300 ҳазор фарзандони бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафарашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд.
«Мо хотири неки онҳоро ҳамеша пос медорем ва ба некӣ ёд мекунем. Зеро бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад. Бинобар ин, талошу пайкори диловаронаи фарзандони баору номуси халқамон барои наслҳои имрўзу оянда ҳамеша чун намунаи ибрат боқӣ хоҳанд монд»,-зикр намуд Тоҳир Каримзода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






