«Тамоюл ва мушкилоти нави ВАО»- конфронс дар шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 05. 05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд конфронси вилоятӣ таҳти унвони «Тамоюл ва мушкилоти нави ВАО» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар конфронс зиёда аз 50 нафар намояндагони ВАО, мақомоти давлатӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон иштирок намуда, атрофи мушкилоти воситаҳои ахбори омма андешаҳои худро баён намуданд. Зимни конфронс ҳамчунин вазъи имрӯзаи ВАО-и вилояти Суғд дар шароити буҳрони иқтисодӣ, мушкилоти ҳуқуқӣ ва озодии баён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар конфронс рӯзноманигороне, ки барои пешравии ВАО ва инъикоси беғаразона дар матбуоти тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо ҷоиза ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






