Ташрифи ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария ба Бонки миллии Тоҷикистон

Май 16, 2017 14:51

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария таҳти роҳбарии Директори тозатаъйини Департаменти кумакҳои техникии бонк Марко Кавалиере 15 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқоти расмӣ, ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсарияро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо вазъи низоми бонкии кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва ислоҳоти дар низоми бонкии кишвар татбиқшаванда ошно намуда, иброз дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист устувории иқтисодиётро таъмин намояд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории судмандро барои  расонидани кумаки техникӣ дар ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкии кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар самти сиёсати монетарӣ, суботи молиявӣ, таҳлили хавфҳо, таҳияи дурнамо бо назардошти маълумоти оморӣ, таҳияи методология ва усулҳои самарабахши таҳияи он муколамаи пурмӯҳтаво доир карда, вобаста ба рушди ҳамкории минбаъда ибрози назар намуданд.

Директори  Департаменти кумакҳои техникии Бонки миллии Швейтсария Марко Кавалиере дар мавзӯи «Ҳамкории дуҷониба ва усули кумаки техникӣ», ки доираи фаъолияти Департаменти мазкур ва самтҳои асосии ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои техникиро фарогир аст, муаррифии муфассал  манзур намуд.

Директори Департаменти кумакҳои техникии Бонки миллии Швейтсария Марко Кавалиереро дар сафари расмӣ кормандони бонки мазкур Гилберт Хайм ва Нодира Хоункер ҳамроҳӣ доранд.

 

 

Май 16, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст