Ташрифи ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария ба Бонки миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария таҳти роҳбарии Директори тозатаъйини Департаменти кумакҳои техникии бонк Марко Кавалиере 15 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқоти расмӣ, ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсарияро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо вазъи низоми бонкии кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва ислоҳоти дар низоми бонкии кишвар татбиқшаванда ошно намуда, иброз дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист устувории иқтисодиётро таъмин намояд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории судмандро барои расонидани кумаки техникӣ дар ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкии кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар самти сиёсати монетарӣ, суботи молиявӣ, таҳлили хавфҳо, таҳияи дурнамо бо назардошти маълумоти оморӣ, таҳияи методология ва усулҳои самарабахши таҳияи он муколамаи пурмӯҳтаво доир карда, вобаста ба рушди ҳамкории минбаъда ибрози назар намуданд.
Директори Департаменти кумакҳои техникии Бонки миллии Швейтсария Марко Кавалиере дар мавзӯи «Ҳамкории дуҷониба ва усули кумаки техникӣ», ки доираи фаъолияти Департаменти мазкур ва самтҳои асосии ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои техникиро фарогир аст, муаррифии муфассал манзур намуд.
Директори Департаменти кумакҳои техникии Бонки миллии Швейтсария Марко Кавалиереро дар сафари расмӣ кормандони бонки мазкур Гилберт Хайм ва Нодира Хоункер ҳамроҳӣ доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






