Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои сазовор гирифт

Май 19, 2017 15:43

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 майи соли 2017 дар шаҳри Пуанта Канаи Ҷумҳурии  Доминикан Конфронси 34-уми байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир (IDEC XXXIV) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони воломақоми идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар конфронс директори Агентӣ Шерхон Салимзода намояндагӣ карда, роҷеъ ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Шерхон Салимзода зикр кард, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм мебошад. Дар ин росто, таҳким ва рушди ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим арзёбӣ гардид.

Иштирокчиёни конфронс ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои сазовор доданд.

 

 

 

 

Май 19, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид