Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои сазовор гирифт
ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 майи соли 2017 дар шаҳри Пуанта Канаи Ҷумҳурии Доминикан Конфронси 34-уми байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир (IDEC XXXIV) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони воломақоми идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар конфронс директори Агентӣ Шерхон Салимзода намояндагӣ карда, роҷеъ ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Шерхон Салимзода зикр кард, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм мебошад. Дар ин росто, таҳким ва рушди ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим арзёбӣ гардид.
Иштирокчиёни конфронс ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои сазовор доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






