Трансформатори пуриқтидор ба Норак расид
ДУШАНБЕ, 29.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 28 майи соли равон трансфарматори дорои иқтидори 450 мегаволт-ампер, ки вазни умумияш 214 тоннаро ташкил медод, ба неругоҳи барқи обии «Норак» расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд, ин таҷҳизоти муҳими энергетикӣ дар доираи лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 оғоз ёфта буд, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Германия ва Франсия дар шаҳри Гебзеи Туркия сохта шудааст. Мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик», Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика ва НБО-и Норак чанд маротиба ба ин корхона сафар намуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати пудратчӣ-Ширкати «Алстом» трансфарматорро аз озмоиш гузарониданд. Озмоиши асосии он моҳи сентябри соли 2015 гузаронда шуда, раванди таҳвили он аз Туркия ба Тоҷикистон аз ҳамон давра оғоз ёфт. Ширкати туркии «Ибракон» таҳвили онро ба уҳда гирифта, инак бомуваффақият анҷом дод.
Бояд зикр намуд, ки васли ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки агрегати 8-уми неругоҳ, ки аллакай чархи кории он иваз шудааст, пурра таҷдид гардад ва неругоҳи бузурги мо дар доираи иқтидори лоиҳавӣ аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро бо барқи хушсифат таъмин намояд.
Дар таърихи НБО-Норак, ки агрегати якуми он соли 1972 ва агрегати охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст, таҳвил ва васли трансформатори 450 мегаволт-ампер рӯйдоди нахустин ба шумор меравад. Пештар дар неругоҳ ивази трансформаторҳо аз ҳисоби захираи дохилӣ амалӣ мегашт.
Ҳафтаҳои наздик насби трансформатор оғоз меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






