Туркманистон дар Душанбе молҳои нассоҷиашро муаррифӣ кард

Май 6, 2017 09:14

ДУШАНБЕ, 06.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Бозиҳои V осиёӣ «Азиада- 2017», ки моҳи сентябр дар Ашқобод доир мегардад, 5 май дар Душанбе молҳои саноати нассоҷӣ ва либосҳои варзишӣ, ки дар корхонаю ширкатҳои нассоҷии Туркманистон истеҳсол гардидаанд, зимни баргузории намоишгоҳ муаррифӣ гардиданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони намоишгоҳ буда, ҳадафи он муаррифии молу маҳсулоти нассоҷии истеҳсоли Туркманистон, инчунин тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар арзёбӣ мегардад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ҳамзамон роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ширкат доштанд.
Чорӣ Атаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои гуногун ибрози назар карда, гуфт, ки «соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 25 сол сипарӣ мегардад ва баргузории намоишгохи молҳои нассоҷии Туркманистон дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе қадами устуворест дар самти таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратии ҳарду кишвар». Дипломати туркман ҳамзамон доир ба иқтидори истеҳсолию саноатии соҳаи нассоҷии Туркманистон ибрози назар карда, афзуд, ки дар зарфи 25 соли истиқлолият Туркманистон дар саноати нассоҷӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар кишвар даҳҳо ширкату корхонаҳои нассоҷӣ ба фаъолият оғоз карданд. Имрӯз Туркманистон дар масъалаи истеҳсоли молҳои баландсифати нассоҷӣ аз технологияи муосири кишварҳои пешрафта истифода карда, маҳсулоти нассоҷиро асосан ба кишварҳои мутараққии ҷаҳон, назири Амрико, Канада, Россия, Чин, Британияи Кабир, Италия, Олмон, Туркия, Украина ва дигар давлатҳо содирот менамояд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Шавкат Бобозода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар иштирок намуда, доир ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон ва дурнамои тавсеаи он ибрози назар карданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Туркманистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишварҳое мебошанд, ки дорои захираҳои бои табиӣ буда, дар шароити феълӣ тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ба манфиати ҳар ду давлат мебошад.
Дар намоишгоҳ молу маҳсулот ва либосҳои варзишӣ, ки дар корхонаю ширкатҳои нассоҷии Туркманистон тавлид гардидаанд, муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни намоишгоҳ филми кӯтоҳ, ки аз рушд ва иқтидори саноати нассоҷии Туркманистон нақл мекард, намоиш дода шуд.

Май 6, 2017 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд