Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои мушаххас меандешад
ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №64 ба номи Аълохон Афсаҳзод ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи мактаби мазкур раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода иштирок намуданд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва баланд бардоштани сифати таҳсил тадбирҳои судманд меандешад. Ин аст, ки соли равон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ва деҳаҳои он мактабҳои замонавии бо тамоми шароити ҳозиразамон муҷаҳҳаз ба истифода дода шуданд. Аз ҳамаи ҷавонон ва наврасон даъват карда мешавад, ки ҷавобан ба ғамхориву пуштибониҳои Пешвои миллат, ки барои соҳибмаърифат шудани насли ҷавон равона гардидаанд, бештар ҷаҳду талош намуда, илм омӯхта, дар рушду шукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор бошед»,- зикр кард Абдураҳмон Қодирӣ.
«Барои сохтмони мактаби мазкур қариб 1 миллион сомонӣ масраф шудааст, ки 70 %-и маблағҳо аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва 30 % аз ҳисоби аҳолии маҳал мебошанд»,-иброз дошт Муҳибулло Аюбов, директори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №64 дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамасола қариб 70% хатмкунандагони ин мактаб ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки бинои собиқи ин мактаб охирҳои асри 20 сохта шуда, дар он 700 нафар хонанда дар ду баст таҳсил мекарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






