«Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!»-ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб

Май 3, 2017 08:27

КӮЛОБ,  03.05.2017  /АМИТ  «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар Қасри фарҳанги шаҳр ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш  китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳою манзумаҳо  бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ҳамоиш бештар китобҳое пешниҳод гардиданд, ки дар тӯли 20- соли Ваҳдати миллӣ рӯи чоп омада, дар он хизматҳои Пешвои миллат дарҷ ёфтаанд.

Иштирокдорони ҳамоиш атрофи мавзўъҳои «Андешаи миллӣ дар «Шоҳнома» ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Нақши Ваҳдат дар рушди фарҳанги миллӣ» ва «Ваҳдат- наҷотбахши миллат» иброз доштанд, ки дар муддати 20 соли Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дўстию рафоқат мустаҳкам гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум боло рафт. Дар ин давра Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба муваффақиятхои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатӣ сол ба сол қавитар мегарданд.

Май 3, 2017 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад