«Ваҳдати миллӣ- асоси пойдорӣ ва рушди ҷомеа»-конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ
ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдати миллӣ- асоси пойдорӣ ва рушди ҷомеа»- чунин унвон дошт конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, дар конференсия олимону сиёсатшиносон, муҳассилини Донишкадаи олии сарҳадӣ, Мактаби олии КДАМ, Академияи ВКД ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ аз бузургтарин дастоварди замони истиқлол буда, ҳифз ва арҷгузории он вазифа ва қарзи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ асос шуд, то имрӯз мо дар фазои тинҷу ором ва озоду обод зиндагиву фаъолият дорем.
Иштирокдорон аз нақши бориз доштани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму устувории Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, зикр карданд, ки маҳз бо кӯшишҳои бевоситаи ӯ миллати тоҷик ба ҳам омада, хавфи аз байн рафтани Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
Ҳамчунин дар конфронс аз дастгириҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва давлатҳои кафил дар таҳия ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан гуфта, нақши онҳоро дар пойдории сулҳи тоҷикон муҳим арзёбӣ карданд.
Дар конфронс инчунин оид ба гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияву ҳаракатҳои ифротиву экстремистӣ, зиёд шудани нашъамандиву дигар амалҳои номатлуб байни муҳассилин ва устодону иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, аз зарарҳо ва оқибатҳои нохуби он изҳори андеша карданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






