Ваҳдати миллӣ–ғояи миллӣ
ДУШАНБЕ, 21.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ — ғояи миллӣ» бо иштироки шоирон, намояндагони Ҳамоҳангсозии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон ва ҷамъияти илмии курсантон «Ҳомии тартибот» — и кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи мазкур, баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ дар чорабинӣ Гулназар Келдӣ – шоири халқии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҷассуми ваҳдати миллӣ дар шеъри муосир», Мирзошоҳрух Асрорӣ — мушовири калони ҳамоҳангсозии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар замони муосир», Рамазон Давлатов — раиси кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ» баромад карда, андешаҳои хешро баён намуданд.
Зикр гардид, ки ба шарофати ба имзо расидани созишномаи тақдирсоз, яъне созишномаи Ваҳдати миллӣ мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






