Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ гардид

Май 11, 2017 13:25

ДУШАНБЕ,11.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Дилшод Исматуллозода бо қарори Маҷлиси намояндагон 11 май пеш аз муҳлат қатъ гардида, инчунин аз  ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  энергетика,  саноат, сохтмон ва коммуникатсия бароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки Дилшод Исматуллозода 8 май дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъйин  гардид.

Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии Парлумони мамлакат гуфт, ки  Дилшод Исматуллозода зимни фаъолияти 2,5- солааш дар Парлумони касбии мамлакат яке аз вакилони фаъол, масъулиятшинос ва дорои  хислатҳои хуби инсонӣ ба шумор рафта, дар рушди парламентаризми кишвар саҳми муносиб гузоштааст.

Ҳамзамон  барои  фаъолияти  пурсамар дар рушди  қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ  Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат  Дилшод Исматуллозодаро бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз  гардонид.

 

Май 11, 2017 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад