Вазъи баъзе корхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб нигаронкунанда аст

Май 3, 2017 17:22

ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қурбон Ҳакимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни ҷаласаи назоратии роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ ҷиҳати дар соли равон фаъолият накардани баъзе корхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, Қ.Ҳакимзода зикр намуд, ки тӯли 4 моҳ бо сабабҳои номаълум дар шаҳри Кӯлоб 25 корхона, дар ноҳияи Восеъ 17 корхона ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 34 корхона фаъолияти истеҳсолӣ накарданд. Ҳамчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки омилҳои фаъолият накардани онҳоро санҷида, барои фаъол сохтани онҳо тадбирҳо андешанд.
Муовини аввали раиси вилоят дар баробари ин масъалаи нигаронкунанда, инчунин дар хусуси фаъолияти муассисаҳои тандурустии навоҳии минтақа изҳори андеша карда, масъулини соҳаро хушдор доданд, ки дар ҳифзи саломатии модарону кӯдакон бештар саҳм гиранд.

Май 3, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад