Вазири илм, технология ва инноватсияи Малайзия: «Кишвари мо хоҳони ҳамкории бештар бо Тоҷикистон аст»
ДУШАНБЕ, 4.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Малайзия мулоқоти Сафири Тоҷикистон Музаффар Муҳаммадӣ бо Вазири илм, технология ва инноватсияи Малайзия Датук Сери Панглима Вилфред Малиус Тангау баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунии муносибатҳои байни ду кишвари дӯст ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Малайзия, тавсеа ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технологияҳои муосир ва фанновариро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон дар Малайзия М. Муҳаммадӣ доир ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва табиати нотакрори кишвар, амният ва суботи кишвар, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, аз ҷумла, раванди татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна ва бузург, фазои сармоягузорӣ, захираҳои табиӣ ва имкониятҳои тиҷоратии Тоҷикистон, алалхусус мавҷуд будани меваву сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва меваҳои хушк сухан кард.
«Дар муддати 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Малайзия- солҳои 2003 ва 2014 бо сафарҳои корию давлатӣ ташриф оварда, Малайзияро ҳамчун кишвари муносиб барои намояндагӣ кардан дар минтақа интихоб намуданд»,- гуфт М. Муҳаммадӣ.
Ҳамчунин Вазири илм, технология ва инноватсияи Малайзия иброз намуд, ки Малайзия низ омода аст бо кишварҳои дӯсту бародар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории бештар дошта бошад. «Мо метавонем дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла байни доираҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули таҷриба дар самти илмҳои муосир, техника ва технология ҳамкорӣ намоем. Малайзия дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи нафту газ пешсаф буда, мутахассисони тоҷик метавонанд дар донишгоҳҳи машҳури ин кишвар таҳсили илм намоянд»,- изҳор намуд Датук Сери Панглима Вилфред Малиус Тангау.
Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ иброз дошт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон ба ин кишвар бештар гардида, имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои мухталифи Малайзия таҳсили илм менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






