Вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистон: «Ман бо таъриху фарҳанги тоҷикон шиносам ва ба он арҷ мегузорам»
ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Муҳаммад Муҳаммадов, ки бо сафари корӣ дар ҳайати намояндагон бо Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов ба вилояти Суғд рафта буданд, аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал овард.
Тавре аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хаҷанд хабар доданд, зимни мулоқот ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода ба Муҳаммад Муҳаммадов роҷеъ ба фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ маълумоти мухтасар дод.
Муҳаммад Муҳаммадов аз намоиши китоб ва маҳсули эҷоду ҳунари устодону донишҷўёни донишгоҳ боздид карда, аз ҷумла гуфт: «Тоҷикон яке аз халқҳои қадимии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, хушбахтона, урфу одат ва анъанаҳои аҷдодони онҳо то имрўз пойдор аст. Ман бо таъриху фарҳанги тоҷикон шиносам ва ба он арҷ мегузорам».
Ҷамшед Ҷўразода чун рамзи эҳтиром китобҳои устодон ва дигар туҳфаҳои хотиравиро ба Муҳаммад Муҳаммадов тақдим намуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






