Вобаста ба омилҳои берунию дохилӣ фишороварии нархи бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад ба сатҳи таваррум таъсир расонад
ДУШАНБЕ, 29.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳо дар семоҳаи дуюми соли равон вобаста ба омилҳои берунию дохилӣ хавфҳои таваррумӣ боқӣ монда, фишороварии нархи бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус маҳсулоти асосии воридотӣ дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад ба сатҳи таваррум таъсир расонад.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бинобар таъсири сатҳи таварруми нисбатан баланди моҳҳои феврал ва апрели соли равон, ки бо сабаби пешниҳоди нокифояи сабзавот ва фишорҳои қурбӣ ба амал омад, эҳтимол аст, ки нишондиҳандаи сатҳи таваррум то интиҳои соли равон дар атрофи 8,0 фоиз ҷамъбаст гардад.
Тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи таваррум дар моҳи апрел аз ибтидои соли 2017 ба 4,4 фоиз баробар шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,9 б.ф зиёд мебошад. Сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) ба андозаи 2,8 б. ф. зиёд гардида, ба 8,1 фоиз расид. Таварруми солонаи ҳосилшуда аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 10,3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4,7 фоиз ва хизматрасонӣ 6,3 фоиз ба амал омад.
Омилҳои асосии ба ин раванд таъсиррасон аз коҳишёбии истеҳсол ва кам пешниҳод гардидани маҳсулоти асосии кишоварзӣ, омилҳои мавсимӣ ва қурбӣ иборат буданд. Инчунин бояд иброз намуд, ки афзоиши ҳаҷми пул дар натиҷаи тағйирот дар бозори асъори хориҷӣ ва сармоякунонии бонкҳои муаммодор ҳамчун таъсири омили монетарӣ ба болоравии қурби асъори хориҷӣ ва фишорҳои қурбӣ ба таваррум мусоидат намуд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то 30 апрели соли ҷорӣ 7,9 фоиз коҳиш ёфт, ки аз он 0,3 фоиз ба моҳи январ, 1,1 фоиз ба моҳи феврал, 3,1 фоиз ба моҳи март ва 3,4 фоиз ба моҳи апрел рост меояд (дар ҳамин давраи соли 2016 10,8 фоиз коҳиш ёфта буд).
Тибқи маълумоти омории пулию қарзӣ, ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30 апрели соли 2017 маблағи 11,6 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 8,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андозаи 55,5 фоиз ва 52,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии самараноки пардохтпазирӣ ва коҳиш додани хавфҳои қурбӣ, фишанги меъёри бозтамвил то 16,0 фоиз муқаррар карда шуд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






