Ярмаркаи ҷойҳои корӣ ба Соли ҷавонон бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 05. 05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази фарҳангии «Ориёно»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид.
Тавре Шералӣ Азимӣ, корманди маркази мабуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ярмаркаи мазкур ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуда, баҳри пайдо намудани ҷойи кори муносиб бо масъулини корхонаву муассисаҳои гуногуни давлатӣ ҳамсуҳбат шуданд.
Ярмаркаи ҷойҳои корӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Баргузории чунин ярмаркаҳо дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тавассути сохторҳои маҳаллӣ идома дорад.
«Дар ярмаркаҳои мазкур, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ҷараён доранд, зиёда аз 1700 корхонаву ташкилот ва муассисаҳои кишвар иштирок намуда, беш аз 10 000 ҷойҳои кориро пешниҳод намуданд, ки ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёту алоқа ва хизматрасонии маишӣ тааллуқ доранд»,- гуфт Шералӣ Азимӣ.
Ярмаркаи ҷойҳои корӣ бахшида ба Соли ҷавонон роҳандозӣ гардид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






