19 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии футболи кӯдакону наврасон: гурӯҳҳои хиёбонӣ омода бошед, футбол назди шумо меояд!

Июнь 19, 2017 13:51

«Наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат

низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад»

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз маъруфтарин ва марғубтарин навъҳои варзиш ва як василаи муҳими ҳифзу тақвияти саломатии мардум ва сафири сулҳу субот, ки дар ташаккули зарфиятҳои инсон нақши муҳимро мебозад ва симои миллатҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба намоиш мегузорад-Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакону наврасонро ҷашн мегирад.

Ҳар як қадами аввалин агар дар ҷодаи тамоми намуди варзиш дар кӯдакиву наврасӣ ниҳода шуда бошад, яқинан, ки ба қуллаҳои баланди муваффақиятҳои бемисл хоҳад расид. Муҳимияти ин нуктаро Фонди кӯдаконаи СММ ва Ассотсиатсияҳои байналмилалии футбол ба инобат гирифта, ин рӯзро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона сабт намуданд.

Бояд гуфт, ки сирри маъруфияти футбол дар соддагӣ ва ҳамагонӣ будани он аст, ки бо ин метавон дар макону замони мухталиф бо доштани танҳо тӯб бозӣ намуд. Кӯдакони тамоми олам бо як ҳисси хушҳолӣ тӯбро дар саҳни майдонҳои варзишӣ, назди кӯчаву хиёбонҳо, новобаста аз намуди пӯст ва ё баромади иҷтимоӣ ба дастаҳои футбол тақсим шуда, бо ҳам муттаҳид гашта бозӣ ва ё ин навъи варзишро мухлисӣ мекунанд. Яъне футбол кӯдаконро дар рӯҳияи дӯстӣ, ягонагӣ, муттаҳидии гурӯҳӣ ҳидоят карда, фарҳанги варзишӣ ва қувваву рӯҳияи озодмандиро дар онҳо инкишоф медиҳад.

Хушбахтона, дар қаламрави Тоҷикистон ҳам футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёдро касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро пиёда гардонидааст. Аз  ҷониби Ҳукумати кишвар  қабули «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», ки дар тарҳи нав таҳия ва тасдиқ гардидааст, метавонад дар баланд бардоштани  мақоми футболи тоҷик боз ҳам нақши муассир гузорад. Зеро дар доираи ин Барнома муҳайё сохтани шароит барои машғул шудан ба футбол ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншоотҳои марбути соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш дар назар дошта шудааст.

19 июн рузи футболи кудакон

Ба гуфтаи директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон  Увайдо Давлатбеков, тибқи маълумоти расмӣ дар ҷамъомаду вохӯриҳои вобаста ба футболи  дар соли 2016 доир гардида 30 000 нафар кӯдакон ва наврасон иштирок намудаанд, ки ин гувоҳ аз он аст, ки футболро дар мо хеле дӯст медоранд ва шумораи кӯдакони ҳавасманд ба ин намуди варзиш рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст.

«Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҷалби кӯдакон корҳои зиёд ба анҷом расонида мешавад, аз ҷумла дар тамоми манотиқи кишвар баргузор кардани фестивалҳо, чемпионатҳо, ҷоизаҳо дар 4 синну сол, сохтмону ба истифода додани майдонҳои нави варзишӣ мисол шуда метавонад. Дар ин сол нақша дорем, ки дар тамоми кишвар лигаи гурӯҳҳои хиёбониро аз 6 сола боло таҳти унвони «Футбол назди шумо меояд»-ро ба роҳ монем. Зикр бояд кард, ки лоиҳаи тоҷикии «Футбол ба назди шумо меояд» ғолиби Барномаи байналхалқии варзишӣ «Peace and sport»дар соли 2015 гардид ва соле қабл ин лоиҳа сазовори дипломи махсус «Барои ташаббуси беҳтарини иҷтимоӣ» дар саммити ҷоизагирандагони Нобелӣ дар Колумбия гашт»,-зикр намуд ҳамсуҳбат.

Ба андешаи номбурда, бештари кӯдакон ба Мактаби футбол на ба хотири омӯзиш, балки барои бозӣ кардан меоянд. Ба ин хотир аз мураббӣ вобастагии зиёд дорад. Ӯ бояд бо ин роҳ раванди тамрини омӯзиши футболро ташкил намояд, то кӯдакон барои ҳамешагӣ дар футбол ҷалб шаванд ва бозингари хуб гарданд. «Омӯзиш додан на танҳо фаҳмонидан, нишон додан ва маслиҳат додан аст. Ин, пеш аз ҳама, дар раванди тамрин доштани малакае, ки тавонад бе сухан ва бе ягон таъкиду маҷбурсозӣ ба тарбияи нозукиҳои ин варзиш сабаб гардад. Барои кӯдакони синни хурд аз ҳама муҳим бозӣ бояд шавқовар бошад ва воситаи асосии машқкунии онҳо гардад. Ин гуна аст ангезаи психологии кӯдакони синни хурдсол ва ҳар як мураббиро муҳим ва зарур аст, то ки ин нуқтаро ба назар гирифта, усул ва воситаҳои навро ҳангоми тамрин истифода намояд.  Танҳо бо як намуди тамрини бозӣ ба кӯдакон наметавон ҳамаро омӯхт. Муҳим тамринҳоеянд, ки баҳри инкишофи сифатҳои ҳаракатӣ ба монанди, чолокиву суръатнокӣ, мутобиқсозии ҳаракат ва албатта, техникаи идоракунии тӯб равона карда шуда бошанд»,-гуфт Увайдо Давлатбеков.

Бояд гуфт, ки дар футбол сухани охирин ҳамеша аз мураббӣ вобастагӣ доштаву садо хоҳад дод. Маҳз ӯ нақшаи омодагии лигаро бар уҳда дошта, масъули натиҷаи бурд ва ё бохти бозист.

Ба андешаи Увайдо Давлатбеков, сарзамини Тоҷикистон ҳамеша дорои ҳунару истеъдодҳои бузургу нотакрор буд ва ҳаст. «Дар мо кӯдакону наврасони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёданд, ки метавон бо боварӣ гуфт, ки ояндаи дурахшон ва номбардори футболи кишвар хоҳанд шуд. Ҳадафи аслии федератсия низ ин тарбия ва ташкилу муҳайё кардани шароит барои рушди ҳунари кӯдакон дар ин самт аст. Дар ҳоли ҳозир Академияи футбол таъсис дода шудааст, ки  дар он бозигарони наврас тамрин намуда, нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзанд»,- афзуд Увайдо Давлатбеков.

Шаҳлои САДРИДДИН

Июнь 19, 2017 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд
Дар Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид
Шоми имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2024 ба Ватан бармегардад
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футзал 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуданд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 1 май баргузор карда мешавад
Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд