20 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо: дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор гуреза аз кишварҳои хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд

Июнь 20, 2017 14:04

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 20 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гурезаҳо (World Refugee Day) қайд мегардад. Бояд тазаккур дод, ки соли 2011 Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи махсус доир ба таҷлили 50-солагии Конвенсия оид ба мақоми гурезагон (1951) ва Созмони ҳамраъйии африқоиҳоро қабул намуд. Тибқи он ҳамасола 20 июн дар радифи Рӯзи гурезаҳои африқоӣ Рӯзи байналмилалии гурезаҳо қайд карда мешавад.
«То даме, ки як тоҷик гуреза бошад, ман ором нестам, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозам, ки ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонам». Ин иқтибосест аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои барои мардуми тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз, дар он солҳое, ки ҳазорҳо нафар ҳамдиёрони мо бо амри тақдир ва нооромию даргириҳои кишварамон ба давлати ҳамсоя –Афғонистон фирор намуда буданд. Моҳи августи соли 1993 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди вазъи ноороми сиёсии Афғонистон, ба хотири наҷоти ҳамватанон ба Афғонистон сафари расмӣ анҷом доданд.
Дар мулоқот бо собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баргардондани гурезаҳои иҷбориро аз Афғонистон ба Тоҷикистон баррасӣ карданд. Маҳз бо ҷаҳду талош ва заҳматҳои шабонарӯзаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон наздик ба як миллион нафар ҳамдиёрони мо аз мулки ғарибӣ –аз Афғонистон ба ватан баргардонида шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ наздик ба 200 ҳазор нафар сокинони кишвар ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, хусусан ба Россия ва Ӯзбекистон ҳиҷрат намуданд. Дар он солҳои ноором шумораи муҳоҷирони дохилӣ дар ҷумҳурӣ марзи беш аз 1 миллион нафарро убур намуда буд.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи гурезаҳо дар ҷомеаи муосир яке аз масъалаҳои доғи сайёра боқӣ мемонад. Ҷангу муноқишаҳо, нооромию бесуботӣ дар бархе аз нуқоти сайёра, ба мисли Сурия, Ироқ, Афғонистон, Сомалӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон боис гардидааст, ки миллионҳо нафар сокинони осоишта тарки манзил ва ватани аҷдодӣ намуда, ҳамчун гурезаҳои иҷборӣ ба кишварҳои амн, хусусан Аврупо фирор намоянд. Ин дар ҳолест, ки соли соли 2015 беш аз 1,3 миллион нафар гуреза танҳо аз кишварҳои Шарқи Наздик вориди қаламрави кишварҳои Аврупо, бахусус Олмон гардида, дар Аврупо буҳрони муҳоҷиратро ба бор овард. Тибқи оморҳо шумораи гурезаҳо ва муҳоҷирони дохилӣ дар ҷаҳон наздик ба 50 миллион нафарро ташкил дода, аксарияти онҳо аз Сурия, Ироқ, Афғонистон ва бархе аз кишварҳои африқоӣ мебошанд.

Беженцы
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алҳол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазору 266 нафар гурезагон, ки асосан шаҳрвандони давлати ҳамсояи Афғонистон мебошанд, ба қайд гирифта шудаанд. Ин гурезагон дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ кору зиндагӣ мекунанд. Манбаъ меафзояд, ки аз ин омор 2158 нафар дорои мақоми гурезагӣ буда, 108 нафар ҳамчун паноҳанда ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо асосан шаҳрвандони кишварҳои Афғонистон, Эрон ва Сурия мебошанд.
Ҳангоме, ки дар масъалаи гурезаҳо ва таърихи ин сана ёдовар шудан мехоҳем, беихтиёр пеши назарамон сарнавишти талху фоҷиабори кӯдаки сесолаи суриягӣ – Айлон Курдӣ ҷилвагар мегардад. Айлоне, ки ҳангоми тарки ватан –Сурия дар роҳи ғурбат киштии номуродӣ ӯ ва аҳли оилаашонро ба баҳри Миёназамин ғарқ намуд. Ҷисми беҷони Айлони хурдакак рӯи мавҷҳои пурталотуми баҳри хурӯшон алвонҷхӯрон ба соҳил баромад, ба соҳиле, ки мебоист Айлон дар он лаҳзаҳои хушу гуворои дунёи тифлии худро паси сар мекард, вале афсӯс, ки ӯ ба хоби абад рафта буд. Хеле риққатовар ва ҳузнангез аст манзарае, ки дар он тани беҷони Айлони сесола дар соҳили баҳр хуфтааст. Марги фоҷиабори Айлон дар он шабу рӯзҳои тирамоҳи соли 2015 тамоми шабакаҳои иҷтимоии дунёро ба ларза овард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан роҳбарони қудратҳои бузурги дунёро ҳушдор дод, ки нисбат ба ҷилавгирӣ аз ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот дар сайёра ва тақдири инсоният, хусусан миллионҳо нафар сокинони кишварҳои доғи ҷаҳон, назири Сурия, Ироқ Афғонистон ва ғайра, ки бар асари нооромиҳо номи гурезаро гирифта, хонабардӯш ва дар кишварҳои ғарбӣ овораю сарсонанд, бетафовутиро ихтиёр накунанд. Муҳри хомӯшӣ бар лаб назананд, балки сари мизи музокирот нишаста, тадбире ҷӯянд баҳри истиқрори сулҳу суботи кишварҳои ҷангзада, баҳри таъмини ҳаёти осоишта барои миллионҳо нафар Айлонҳо, ки аз ватани аҷдодӣ аз зери тиру туфанг гурехта, дар ғурбат умр ба сар мебаранд.

Марзия САИДЗОДА

Июнь 20, 2017 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид