9 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ. Бойгонӣ оинаи таърихи миллат аст

Июнь 9, 2017 09:20

«Таърихи гузаштаро надониста, онро амиқ таҳлил накардаю  наомӯхта ва аз он  сабақ  нагирифта, ҷамъиятро пеш бурдан  аз имкон берун аст. Ҳар лаҳзаи ҳаёт таърих аст ва он дар шаклу намудҳои  мухталиф  инъикос  меёбад. Дар ин раванд ҳуҷҷату санадҳо ва маводи сабтӣ аз ҳамин қабиланд, ки наслҳои  оянда оид ба ҷараёни  зиндагии давраи муайян донишу тасаввурот пайдо мекунанд».

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқот бо   зиёиёни мамлакат

ДУШАНБЕ, 09.06.2017. /АМИТ Ховар/.  Бо қарори  ЮНЕСКО  9 июни соли   1948 Шӯрои  байналмилалии бойгониҳо таъсис ёфт. Шурӯъ аз ҳамин  сол ҳамасола   дар  аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон   9 июн  ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ  (International Archives Day) таҷлил мегардад.
           Вобаста ба ин мавзӯъ  хабарнигори АМИТ  «Ховар»  бо сардори Раёсати ташкилии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Муслима Қурбонова ҳамсуҳбат гардид.

М.Қурбонова  дар ин маврид андешаҳояшро чунин изҳор кард:

-Бо гузашти айём рӯйдоду воқеаҳои  зиндагӣ ба саҳифаи таърих ворид мегарданд ва  бойгониҳо онро дар  худ нигоҳ медоранд. Омӯзиши таърихи гузашта дар заминаи маводи бойгониҳо ба даст оварда мешавад. Ҳар як коғаз, ҳуҷҷат, расм, навори видеоӣ, садо, нақша, ҳатто пора ё ҷузъи хурди онҳо далели тасдиқсозанда ва раднашавандаи ҳақиқати таърихӣ буда,  дар асоси онҳо садҳо маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ ба табъ расида, барномаҳои радиоию  телевизионӣ таҳия мешаванд.

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои қабули  санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, назорати  риояи қонунгузорӣ оид ба кори  бойгонидорӣ ва коргузориро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо,  корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар  аз шакли  моликият  ва тобеияташон иҷро намуда, масъули рушди  минбаъдаи такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза бойгонии Кумитаи иҷроияи уезди Хуҷанд, ки 9 апрели соли 1924 бо қарори комиҷроияи мазкур таъсис дода шудааст, нахустин муассисаи соҳа ба шумор меравад. 20 марти соли 1931 Кумитаи иҷроияи марказии Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ ва дар амал ҷорӣ намудани Низомнома дар бораи ташкили кори бойгонӣ дар ҷумҳурӣ қарори махсус қабул намуд. Дар асоси ин санад Хазинаи ягонаи давлатии бойгонии ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. То солҳои 90–уми асри гузашта соҳаи бойгонидорӣ таркиби муайянро доро гардид. Он аз Сарраёсати бойгонии назди Шӯрои вазирони Тоҷикистон, 4 бойгонии вилоятӣ, 2 бойгонии марказии давлатӣ ва 10 бойгонии ноҳиявӣ иборат буд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қабул гардидани як қатор  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии соҳа  барои  боло рафтани нақшу  мақоми Хадамоти бойгонии ҷумҳурӣ   мусоидат намуд.     Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии  миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории  давлатӣ супоридани онҳо», «Дар бораи тасдиқи Барномаи  рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018»  ва ғайраҳо  ба рушди минбаъдаи соҳа ва такмили фаъолияти бойгонидорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 28 декабри соли 2006 «Дар бораи Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сарраёсат ба саридора табдил дода шуда,  низомнома ва сохтори  он тасдиқ гардид.  Дар  асоси  он айни замон  дар қаламрави ҷумҳурӣ 12 бойгонии давлатӣ ва филиалҳои он  фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 3 филиали он дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рашт, Бойгонии марказиии давлатии ҳуҷчатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва чанд филиалҳои он дар шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, Бойгонии давлатии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ фаъолият менамоянд. Теъдоди   бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 65 ададро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо дар  тамоми шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  бахши бойгонӣ таъсис дода шудааст, ки он масъалаи  ҳифозати ҳуҷҷатҳо,  нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва  истифодаи  ҳуҷҷатҳои  Хазинаи  бойгонии  миллиро таҳти  назорат қарор дода, низоми  супоридани  ҳуҷҷатҳоро ба  бойгониҳои давлатӣ ва  байниидоравӣ ба  танзим медарорад.

Тибқи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо»  бояд ҳар як идораву ташкилот, новобаста аз шакли фаъолият маводи таҳиякардаи худро баъди се сол ба бойгонии давлатӣ  пешниҳод кунад.
Феълан дар маҳфузгоҳҳои бойгониҳои ҷумҳурӣ 10 ҳазору 842 хазина, ки 3  миллиону 160 ҳазору 851 парвандаро дарбар мегиранд, нигоҳ дошта мешаванд.

Инчунин дар маҳфузгоҳҳои Бойгонии марказии давлатии аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон 235 ҳазору 393 адад ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо, аз ҷумла 171 ҳазору 231 негатив, 13 ҳазору 394 позитив, 1277 негатив дар шиша, 32 ҳазору 057 акс, 233 сураталбом, 12 ҳазору 118 ҳуҷҷати сабти овоз ва  324 нусхаи дар шакли микрофилм аксбардорӣ  шудаи арзишнок  нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Дар суратҳуҷҷатҳо аксу таърихи нахустин қатора, нақлиёт ва аэроплане, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, акси боздошти Иброҳимбек, садои Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ,  Садриддин Айнӣ, филм иборат аз панҷ қисм дар бораи фаъолиятҳои Бобоҷон Ғафуров ва ғайра маҳфузанд.  Нахустин кори киносозони тоҷик В. Кузин, А. Шевич ва А. Гезулин – «Омадани аввалин поезд ба Душанбе», ки ҳанӯз соли 1929 ба навор гирифта шудааст, аз экспонатҳои пурқимат ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо асосан аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», вазоратҳо, осорхонаҳо, муассисаҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, театрҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ба бойгонӣ ворид мегарданд.

Аз маводи дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузбуда, ки махзани асосии сохтори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.  Имрӯз таҳқиқгарони зиёд дар толори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маводро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

Ҳучҷатҳои хазинаи бойгонӣ ҳамчунин дар шуъбаҳои дастхатҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва хазинаи бойгонии соҳавии як қатор вазорату идораҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Дар пешрафти кори бойгонидорӣ низ чун дар ҳамаи соҳаҳо нақши асосиро мутахассисони баландихтисос мебозанд. Дар ҷумҳурӣ кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ягона кафедрае ба шумор меравад, ки   мутахассисони муаррих-архившиносро барои самтҳои гуногуни фаъолияти бойгонидорӣ  омода менамояд.

Барои ба амал баровардани ҷараёни таълим дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи бойгонидории Тоҷикистон байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордод ба имзо расонида шудааст. Чунин қарордод бо факултаи китобдории Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода низ ба имзо расидааст.

Мутобиқи ин қарордод донишҷўёни ихтисоси таъриху архившиносии факултети таърих  ва китобдорӣ имконият доранд, ки дарсҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолии худро дар бойгониҳои марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароранд ва ба ин восита ба таври амалӣ аз наздик бо корҳои бойгонӣ ошноӣ пайдо карда, дар худ малакаи касби ояндаро сайқал диҳанд.

Ташкили ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ аз муддати истеҳсоли онҳо дар ҷараёни коргузорӣ сар мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 «Дастуруламали намунавӣ оид ба коргузорӣ дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳоеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд», тасдиқ намудааст. Тибқи қарори номбаршуда дар асоси дастуруламали намунавии тасдиқгардида мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот ва корхонаҳо бояд дастуруламали аниқи коргузории худро тайёр намуда, ташкили ҳуҷҷатҳоро дар коргузорӣ ба низом дароранд.

Мутаассифона, то ҳоло на дар ҳама  мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот ва корхонаҳо  чунин дастуруламали  коргузорӣ  таҳия намудаанд, ки ин амал барои  дуруст нигоҳдории ҳуҷҷатҳо  таъсири манфӣ расонида, боиси талаф ё нобуд гардидани онҳо мегардад.

Саридораи бойгонӣ ба  ин масъала  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  ҳайат, миқдор ва санаҳои канории ҳуҷҷатҳои ин хазинаҳо дар   мақомоти давлатии бойгонӣ, идораю муассисаҳо,  вазъи батартибоварӣ, барӯйхатгирӣ ва нигоҳдории онҳоро  таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

 

Рухсораи НУР

 

Июнь 9, 2017 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд