Агар дар замони Ҳахоманишинон ҳуҷҷату китобҳо дар «Ганҷина» нигоҳдорӣ мешуданд, имрӯз дар «Бойгонӣ» ҳифз мешаванд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлату давлатдориҳо муассисаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки фаъолияти онҳо ба назар ноаён, вале дар ҳифзи хотираи таърихии миллат ва фарҳангу маънавиёти он саҳми беназир доранд. Агар дар замони Ҳахоманишинон ҳуҷҷатҳо ва китобу мукотибот дар ҷои махсус бо номи «Ганҷина» нигоҳдорӣ карда мешуданд, дар замонҳои минбаъда ин муассисаҳо бо номҳои ба худ хоси «Хазина» ва «Бойгонӣ» маълуму машҳур буданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ, ки ҳамасола 9 июн таҷлил мегардад, бо директори Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи китобҳо) Қурбоналӣ Бӯриев оид ба ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии китобу матбуот дар бойгонӣ суҳбат намуд.
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Бӯриев, дар замони Шӯравӣ рушду такомули илму фарҳанг зарурати ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии китобу матбуотро ба миён гузошт ва чунин як муассисаи давлатӣ бо номи «Палатаи китобҳо» бо Қарори Комитети марказии Партияи Коммунистии Точикистон аз 14 июли соли 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмӯаи китобхонаҳо» ва Қарори шӯрои Комиссарони Халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 20 декабри соли 1935 дар назди Комиссариати маорифи халқ ташкил ёфт. Бойгонии мазкур аз лиҳози вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти бағоят муҳими давлатӣ- қабул ва бақайдгирии давлатии нусхаҳои ҳатмӣ — назоратии матбуоти кишвар, маводи чопӣ, электронӣ, таҳлил ва коркарди библиографии нашрияҳои давлатӣ, баъзе нашрияҳои ғайридавлатии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интишорёфта, инчунин ҷустуҷӯ, дарёфт ва бақайдгирии библиографии адабиёт роҷеъ ба тоҷикон ва Тоҷикистонро, ки дар хориҷи кишвар интишор ёфтаанд, ба уҳда дорад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар фонди он пӯшида буда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Ҳамзамон директори Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб- Хонаи китоби Тоҷикистон иброз дошт, ки агарчанде аз ҷониби давлат ба фаъолияти Палатаи китобҳо аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ диққати махсус дода мешуд, аммо он вазифаҳои асосии худро ба таври дуруст иҷро карда наметавонист ва сабаби асосӣ дар набудани мутахассисони соҳибмалака буд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо барои беҳтаршавии фаъолияти «Палатаи китобҳо»- ин қабули қарори якҷояи КИМ ва ШКХ-и Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бойгониҳои муҳими давлатии китоб бо осори нашрии дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ба табъ расида» 11 августи соли 1937 буд. Дар асоси он як қисми нусхаҳои ҳатмӣ- назоратӣ ба Палатаи китобҳо ройгон ирсол мегардиданд. Бо ёрии библиографони Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ ва қабули кормандони соҳибмалака «Палатаи китобҳо» аз соли 1938 ба мураттаб намудани «Солнома» машғул шуд.
 Бояд зикр кард, ки вазифаи асосии «Палатаи китобҳо», пеш аз ҳама, аз бақайдгирии маҳсулоти чопии кишвар тавассути ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ, ҳифзу нигоҳдории онҳо, таҳия ва нашри феҳристи ҷорӣ ва тарҷеии давлатӣ бо номҳои «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон» (ҳоло «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон») ва Феҳрасти «Китобҳои Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло феҳрасти «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»), омодасозии ҳисоби омории нусхаҳои воридшуда, таҳия, нашр ва паҳннамоии баргаҳо (карточкаҳои китобхонавӣ) оид ба китобҳои нав дар ҳудуди кишвар, таҳия ва барориши маҷмӯаҳои библиографӣ ва маҷаллаи соҳавӣ, инчунин ба роҳ мондани хадамоти маълумотдиҳию библиографӣ ба гурӯҳҳои муайяни хонандагон, аз ҷумла олимон, муҳаққиқон, кормандони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, китобдорон ва библиографон, омор, бойгоншиносон ва таърихнигорон иборат мебошад.
Бояд зикр кард, ки вазифаи асосии «Палатаи китобҳо», пеш аз ҳама, аз бақайдгирии маҳсулоти чопии кишвар тавассути ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ, ҳифзу нигоҳдории онҳо, таҳия ва нашри феҳристи ҷорӣ ва тарҷеии давлатӣ бо номҳои «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон» (ҳоло «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон») ва Феҳрасти «Китобҳои Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло феҳрасти «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»), омодасозии ҳисоби омории нусхаҳои воридшуда, таҳия, нашр ва паҳннамоии баргаҳо (карточкаҳои китобхонавӣ) оид ба китобҳои нав дар ҳудуди кишвар, таҳия ва барориши маҷмӯаҳои библиографӣ ва маҷаллаи соҳавӣ, инчунин ба роҳ мондани хадамоти маълумотдиҳию библиографӣ ба гурӯҳҳои муайяни хонандагон, аз ҷумла олимон, муҳаққиқон, кормандони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, китобдорон ва библиографон, омор, бойгоншиносон ва таърихнигорон иборат мебошад.
Ба гуфти мусоҳиби мо, фаъолияти солҳои аввали «Палатаи китобҳо» аз ҷамъоварии китобҳои бо забони тоҷикӣ, ки то ин давра дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Қазон чоп шуда будаанд, оғоз меёбад. Натиҷаи ин амалиёт китобҳои солҳои 1928 то 1937 нашршуда мебошанд, ки ҷамъулҷамъ зиёда аз 2040 номгӯйро ташкил медодаанд ва бо теъдоди 16250 нусха дастрас гардида, ба бойгонии муассиса интиқол дода шуданд. Ин китобҳо то ба имрӯз дар бойгонии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб- Хонаи китоби Тоҷикистон» маҳфуз мебошанд.
Ба андешаи Қурбоналӣ Бӯриев, соли 2005 кишвари мо расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии «Шумораи стандарти байналмилалии китоб ISBN» пазируфта шуд ва риояи талаботу муқаррароти ин созмони бонуфуз, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти табъу нашр тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Дар ин радиф масъулияти муассиса боз ҳам баландтар ва самтҳои фаъолияти он хеле васеъ гардидаанд.
«Муассиса тасмим гирифтааст, ки нашрияҳои ватаниро ҳарчи бештар ба Феҳристи ҷаҳонии нашрияҳои даврӣ ва силсилавӣ ҷой дода, ба ин васила таъриху фарҳанги миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд»,-гуфт Қурбоналӣ Бӯриев.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР









 
						
 Барои таъмини тозагии муҳити атроф ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 10 адад мотороллери барқӣ дастрас гардид
Барои таъмини тозагии муҳити атроф ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 10 адад мотороллери барқӣ дастрас гардид Дар Душанбе конфронси миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ  баргузор шуд
Дар Душанбе конфронси миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ  баргузор шуд Дар шаҳри Роғун бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон  ҳамоиш доир шуд
Дар шаҳри Роғун бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон  ҳамоиш доир шуд Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2822 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2822 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад Таҳти унвони  «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд
Таҳти унвони  «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ  оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ  оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд Дар  Екатеринбург  вохӯрии  масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид
Дар  Екатеринбург  вохӯрии  масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  иштирок намуд 
									 
									 
									 
									 
									





