Агар дар замони Ҳахоманишинон ҳуҷҷату китобҳо дар «Ганҷина» нигоҳдорӣ мешуданд, имрӯз дар «Бойгонӣ» ҳифз мешаванд

Июнь 9, 2017 14:58

ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлату давлатдориҳо муассисаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки фаъолияти онҳо ба назар ноаён, вале дар ҳифзи хотираи таърихии миллат ва фарҳангу маънавиёти он саҳми беназир доранд. Агар дар замони Ҳахоманишинон ҳуҷҷатҳо ва китобу мукотибот дар ҷои махсус бо номи «Ганҷина» нигоҳдорӣ карда мешуданд, дар замонҳои минбаъда ин муассисаҳо бо номҳои ба худ хоси «Хазина» ва «Бойгонӣ» маълуму машҳур буданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ, ки ҳамасола 9 июн таҷлил мегардад, бо директори Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи китобҳо) Қурбоналӣ Бӯриев оид ба ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии китобу матбуот дар бойгонӣ суҳбат намуд.
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Бӯриев, дар замони Шӯравӣ рушду такомули илму фарҳанг зарурати ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии китобу матбуотро ба миён гузошт ва чунин як муассисаи давлатӣ бо номи «Палатаи китобҳо» бо Қарори Комитети марказии Партияи Коммунистии Точикистон аз 14 июли соли 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмӯаи китобхонаҳо» ва Қарори шӯрои Комиссарони Халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 20 декабри соли 1935 дар назди Комиссариати маорифи халқ ташкил ёфт. Бойгонии мазкур аз лиҳози вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти бағоят муҳими давлатӣ- қабул ва бақайдгирии давлатии нусхаҳои ҳатмӣ — назоратии матбуоти кишвар, маводи чопӣ, электронӣ, таҳлил ва коркарди библиографии нашрияҳои давлатӣ, баъзе нашрияҳои ғайридавлатии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интишорёфта, инчунин ҷустуҷӯ, дарёфт ва бақайдгирии библиографии адабиёт роҷеъ ба тоҷикон ва Тоҷикистонро, ки дар хориҷи кишвар интишор ёфтаанд, ба уҳда дорад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар фонди он пӯшида буда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Ҳамзамон директори Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб- Хонаи китоби Тоҷикистон иброз дошт, ки агарчанде аз ҷониби давлат ба фаъолияти Палатаи китобҳо аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ диққати махсус дода мешуд, аммо он вазифаҳои асосии худро ба таври дуруст иҷро карда наметавонист ва сабаби асосӣ дар набудани мутахассисони соҳибмалака буд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо барои беҳтаршавии фаъолияти «Палатаи китобҳо»- ин қабули қарори якҷояи КИМ ва ШКХ-и Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бойгониҳои муҳими давлатии китоб бо осори нашрии дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ба табъ расида» 11 августи соли 1937 буд. Дар асоси он як қисми нусхаҳои ҳатмӣ- назоратӣ ба Палатаи китобҳо ройгон ирсол мегардиданд. Бо ёрии библиографони Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ ва қабули кормандони соҳибмалака «Палатаи китобҳо» аз соли 1938 ба мураттаб намудани «Солнома» машғул шуд.
БойгониБояд зикр кард, ки вазифаи асосии «Палатаи китобҳо», пеш аз ҳама, аз бақайдгирии маҳсулоти чопии кишвар тавассути ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ, ҳифзу нигоҳдории онҳо, таҳия ва нашри феҳристи ҷорӣ ва тарҷеии давлатӣ бо номҳои «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон» (ҳоло «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон») ва Феҳрасти «Китобҳои Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло феҳрасти «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»), омодасозии ҳисоби омории нусхаҳои воридшуда, таҳия, нашр ва паҳннамоии баргаҳо (карточкаҳои китобхонавӣ) оид ба китобҳои нав дар ҳудуди кишвар, таҳия ва барориши маҷмӯаҳои библиографӣ ва маҷаллаи соҳавӣ, инчунин ба роҳ мондани хадамоти маълумотдиҳию библиографӣ ба гурӯҳҳои муайяни хонандагон, аз ҷумла олимон, муҳаққиқон, кормандони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, китобдорон ва библиографон, омор, бойгоншиносон ва таърихнигорон иборат мебошад.
Ба гуфти мусоҳиби мо, фаъолияти солҳои аввали «Палатаи китобҳо» аз ҷамъоварии китобҳои бо забони тоҷикӣ, ки то ин давра дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Қазон чоп шуда будаанд, оғоз меёбад. Натиҷаи ин амалиёт китобҳои солҳои 1928 то 1937 нашршуда мебошанд, ки ҷамъулҷамъ зиёда аз 2040 номгӯйро ташкил медодаанд ва бо теъдоди 16250 нусха дастрас гардида, ба бойгонии муассиса интиқол дода шуданд. Ин китобҳо то ба имрӯз дар бойгонии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб- Хонаи китоби Тоҷикистон» маҳфуз мебошанд.
Ба андешаи Қурбоналӣ Бӯриев, соли 2005 кишвари мо расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии «Шумораи стандарти байналмилалии китоб ISBN» пазируфта шуд ва риояи талаботу муқаррароти ин созмони бонуфуз, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти табъу нашр тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Дар ин радиф масъулияти муассиса боз ҳам баландтар ва самтҳои фаъолияти он хеле васеъ гардидаанд.
«Муассиса тасмим гирифтааст, ки нашрияҳои ватаниро ҳарчи бештар ба Феҳристи ҷаҳонии нашрияҳои даврӣ ва силсилавӣ ҷой дода, ба ин васила таъриху фарҳанги миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд»,-гуфт Қурбоналӣ Бӯриев.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Июнь 9, 2017 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд