Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво паст мешавад

Июнь 28, 2017 09:58

ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 28 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ВМКБ  22-27 дараҷа ва дар шарқи он  11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар бархе аз ноҳияҳо раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе гармии ҳаво 35-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Июнь 28, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд