Ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ

Июнь 15, 2017 15:33

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ баргузор гардид. Ҳайати гурӯҳи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Ҳиндустонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Маҳавир Сингҳ роҳбарӣ карданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳо оид ба таҷрибаи миллии кишварҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилона табодули назар карданд. Ҳамчунин мубодилаи афкори судманд атрофи масоили арзёбии таҳдидҳои террористӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами вобаста ба таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамназарии худро иброз намуда, ба зарурати ҳамкории муассири сохторҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддир таъкид карданд.

Рӯйкарди умумии мубориза бо ДОИШ ва падидаи террористҳо-ҷангҷӯёни хориҷӣ муайян карда шуда, дар ин замина, масоили радикализатсияи аҳолӣ ва тадбирҳое, ки барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар фазои иттилоотӣ (расонаӣ) андешида мешаванд, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҷониби Ҳиндустон пешниҳод кард, ки барои мутахассисони Тоҷикистон давраҳои омӯзишии махсус дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ташкил карда шаванд.

Тарафҳо дар мавриди афзоиши ҳамкории зиддитеррористӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин табодули афкор оид ба дигар масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар шаҳри Деҳлии Нав баргузор мегардад.

Июнь 15, 2017 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард