Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб – 2017» идома дорад
ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ Ховар/. Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб – 2017» дар ҳамбастагӣ бо Корвони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, ба самти ноҳияи Файзобод, ҳамзамон ба навоҳии водии Рашт (Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш), шаҳри Ваҳдат ва панҷ шаҳру ноҳияи вилояти Суғд (Айнӣ, Шаҳристон, Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон) аз 12 июни соли равон оғоз гардида, идома дорад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Манбаъ зикр кард, ки тайи чанд рӯзи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб – 2017» 38 номгӯи китоб, бо теъдоди 2315 нусха, ки китобҳои тозанашри солҳои 2016 – 2017 мебошанд ба дӯстдорони китоб фурӯхта шуда, ҳамчунин 1103 нусха китоб ба ноҳияи Файзобод ва ҷамъи навоҳии водии Рашт, 376 нусха ба шаҳри Ваҳдат ва 836 нусхаи дигар ба навоҳии вилояти Суғд туҳфа гардиданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаҳои навоҳии мазкур 8 номгӯи китоб бо теъдоди 759 нусха, ки маблағи 19801 сомониро ташкил медиҳанд, тақдим гардид.
Ҳадаф ва моҳияти ин амал, пеш аз ҳама, рушду густариш, баланд бардоштани савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии сокинони ҷумҳурӣ мебошад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






