Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб – 2017» идома дорад

Июнь 16, 2017 11:49

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ Ховар/. Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ  ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб – 2017» дар ҳамбастагӣ бо Корвони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, ба самти ноҳияи Файзобод, ҳамзамон ба навоҳии водии Рашт (Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш), шаҳри Ваҳдат  ва панҷ шаҳру ноҳияи вилояти Суғд (Айнӣ, Шаҳристон, Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон)  аз  12 июни соли равон оғоз гардида,  идома дорад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Манбаъ зикр кард, ки тайи чанд рӯзи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб – 2017» 38 номгӯи китоб,  бо теъдоди 2315 нусха, ки   китобҳои тозанашри солҳои 2016 – 2017 мебошанд ба  дӯстдорони китоб фурӯхта шуда,  ҳамчунин  1103 нусха китоб  ба ноҳияи Файзобод ва  ҷамъи навоҳии водии Рашт, 376 нусха ба шаҳри Ваҳдат ва 836 нусхаи дигар ба навоҳии вилояти Суғд  туҳфа гардиданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба  китобхонаҳои навоҳии  мазкур  8 номгӯи китоб бо теъдоди 759 нусха, ки  маблағи 19801  сомониро ташкил медиҳанд,  тақдим гардид.

Ҳадаф ва моҳияти ин  амал,  пеш аз ҳама,  рушду густариш, баланд бардоштани  савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии  сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

 

Июнь 16, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд