Ҳавопаймои «Turkmenistanairlines» бо парвози нахустин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст

Июнь 12, 2017 13:38

        ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бори нахуст ҳавопаймои ширкати  миллии  ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

Бинобар иттилои  котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилали  Душанбе Ҷамила Ҳусейнова,   ҳавопаймои  «Боинг» -и ширкати «Turkmenistanairlines» дар хатсайри   Ашқобод –Душанбе –Ашқобод парвози  техникӣ -озмоишӣ анҷом дод. Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии  «Turkmenistanairlines» беш аз 100 мусофирро, ки асосан аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон иборат аст, ба Душанбе овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати Туркманистонро роҳбарону намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута истиқбол гирифтанд. Интизор меравад, ки роҳбарону намояндагони идораҳои ҳавонавардии ду кишвар –Тоҷикистону Туркманистон имрӯз дар  Душанбе барои дар оянда  ба роҳ мондани парвозҳои мустақими доимӣ дар хатсайри Ашқобод –Душанбе-Ашқобод ва ё хатсайри транзитӣ –тавассути кишвари сеюм гуфтушунид анҷом диҳанд.

Ҳамзамон дар пойтахти Тоҷикистон 12 июн вохӯрии доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон доир гардида, дар он масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар баррасӣ мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳафтаи гузашта Сафири Фавқулода ва Мухтори  Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Душанбе гуфта буд, ки  ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ  байни Душанбе ва Ашқобод дар таҳкими муносиботи ду кишвари дӯсту бародар -Тоҷикистон ва Туркманистон ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ  ва илмию фарҳангии ду мамлакат саҳифаи нав боз карда,   нақши муассир хоҳад гузошт.

Ҳамзамон интизор меравад, ки тавассути хатсайри озмоишии Ашқобод-Душанбе-Ашқобод имрӯз  ҳайати 40-нафараи  намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ба Ашқобод раванд.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавонвардии Туркманистон «Türkmenhowaýollary»  /«Turkmenistan Airlines»/ соли 1992 таъсис дода шуда, алҳол ба 16 шаҳри кишварҳои гуногуни ҷаҳон, назири Анқара, Амритсар, Алмаато,  Бангкок , Бирмингем, Деҳлӣ, Дубай, Қазон,  Лондон, Минск, Москва, Пекин, Париж, Санкт-Петербург, Истанбул ва Франкфурт парвозҳои мустақими доимӣ анҷом медиҳад.

Июнь 12, 2017 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа