Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 дар шаҳри Ваҳдат

Июнь 27, 2017 20:08

ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 иштирок намуданд.

Ин муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия назир надорад, дар доираи  дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории ширкати чинии «ТВЕА» бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки дар он асосан аҳолии синни мактабии маҳаллаи 20-уми деҳоти ба номи Бозорбой Буронови шаҳри Ваҳдат ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзи таҷлил аз 20-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Диаман-К» дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Бинои асосии мактаб, ки аз чор ошёна иборат аст, дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон мебошад.

Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад, нақши калон дошта бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ба таъкиди Пешвои миллат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаби нав, ки дар солгарди навбатии ҷашни Ваҳдати миллӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд шудаанд,  ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.

Мактаб ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 150 нафар, толори зебои маҷлис бо 380 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.

Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар ин мактаб ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда, имконият дорад, ки дар фасли сармо тамоми мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.

Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71, ки 2,6 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футболи хурд, баскетбол, валейбол ва теннис бунёд гардида, барои гузаронидани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ як майдончаи замонавӣ низ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи сохтмони муассисаи мазкур бо назардошти дурнамо таҳия гардида, оянда дар ин ҷо боз як бинои нави таълимии чорошёна бунёд мегардад.
Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 дар шаҳри Ваҳдат 27.06.2017

Июнь 27, 2017 20:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд