Ба кирдорҳои коррупсионӣ даст задани кормандони «Амонатбонк» муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Охири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентӣ хабар доданд, дар ҷаласа таҳлил ва муҳокимаи ҳолати даст ба кирдорҳои коррупсионӣ задани кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва натиҷаи тафтишу санҷишҳои он дар солҳои 2012-2016 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба мавзӯи баррасишаванда маълумоти як гурӯҳ роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамзамон раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шунида шуд.
Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолияти 5-солаи кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро мавриди муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти бонк ва сохторҳои зертобеи он тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия 25 ноябри соли 2015 бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, баланд бардоштани самаранокии фаъолият чиҳати огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионию иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.








Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд






