Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Лейден ва ниҳодҳои таълимии Тоҷикистон муҳокима гардид

Июнь 10, 2017 10:53

ДУШАНБЕ, 10.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. 8 июни соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс /Белгия, Нидерланд, Люксембург/  Эркинхон Раҳматуллозода бо Ректор – Президенти Донишгоҳи Лейдени Шоҳигарии Нидерланд, профессор Карел Столкер вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Лейден ва ниҳодҳои пажӯҳишию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин имконияти ҳамкорӣ бобати мубодилаи донишҷӯёну устодон ва дастрасӣ ба бурсияҳо барои таҳсил дар Донишгоҳи Лейден баррасӣ гардиданд.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафир бо Директори иҷроияи Пажӯҳишгоҳи Донишгоҳи Лейден оид ба тадқиқоти минтақавӣ (The Leiden University Institute for Area Studies), профессор Франк Пайк баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки ин Пажӯҳишгоҳ таърих, дин, фарҳанг, забон ва вазъи минтақавии Осиёро меомӯзад.

Июнь 10, 2017 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд