Барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Сарвазир,
Мехоҳам таманниёти самимии хешро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносиботи дипломатии байни ду кишвар иброз намоям. Дар тӯли 25 сол иқдомҳои пайгиронаи мо ба робитаҳои дуҷониба рушду таҳким бахшид. Боварӣ дорам, ки ин муносиботи мо ба манфиати мардуми кишварҳоямон хизмат хоҳад кард.
Робитаҳои таърихӣ, динӣ ва анъанавӣ барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои мо заминаи мустаҳкам хоҳанд гузошт. Иштироки кишвари Шумо дар 13-мин Саммити Созмони ҳамкориҳои иктисодӣ, ки дар моҳи марти соли равон дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, уҳдадориҳои муштаракро ҷиҳати ба даст овардани сулҳу субот дар минтақа ба њузур овард.
Бањри баланд бардоштани сатњи равобит мо иқтидори васеи тиҷоратӣ ва сармоягузориро байни ду кишвар ва дар минтаќа амалӣ хоҳем кард.
Умедворам, робитаҳои наздик ва пайвандҳои шариконаи мо дар солҳои минбаъда устувор хоҳанд шуд.
Хоҳишмандам, муҳтарам Сарвазир, эҳтиромоти фоиқаи бандаро қабул фармоед».








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






