Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ
ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба амалҳои террористӣ дар шаҳри Теҳрон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо таъзияву тассалияти амиқи хешро иброз менамоям.
Мо ин ҷинояти золимонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамону дастаҷамъонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем».








Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






