Баррасии масъалаҳои мубрами филология ва забоншиносӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 09.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами филология ва забоншиносӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъало Мирзоев иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур дар чорчӯбаи амалӣ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ба нақша гирифта шуда, дар ҳоли татбиқ қарор дорад. Ӯ зикр намуд, ки «баргузории ин гуна ҳамоишҳо метавонад барои баланд бардоштани сатҳу сифати забондонӣ ва забономӯзии донишҷӯёни ин муассиса корсоз бошад. Зеро забон василаи асосии иртибот бо ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад».
Ҳамоиши мазкур давоми рӯз идома ёфта, дар он устодони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо беш аз 31 маърӯзаҳои худ баромад мекунанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






